Аз таҳти дил бихандед!
Ғазаби омӯзгор
Дар ҳоҷатхонаи донишгоҳ, ки аз се ҳуҷра иборат аст, аз ҳуҷраи чап садо баланд мешавад:
— Алишер, аз фанни физика баҳоятро гирифтӣ?
Садо аз ҳуҷраи рост:
— Не, «Кал» баҳоямро намонд.
Садо аз ҳуҷраи мобайн:
— Ҳоло ман «Кал» будаам? Акнун баҳоятро дар шаби хобат мебинӣ!
Ҳофизи бесавод
Падар рӯзномаи писарашро тафтиш мекунад: аз фанни алгебра баҳои 2, аз фанни химия баҳои 2, аз фанни физика баҳои 2, аз фанни математика баҳои 2, аз фанни суруд баҳои 5.
Падар:
— Воҳ, Худоё, тавба, ин аҳмақ бо ҳамин аҳволаш боз сурудхонӣ мекардаст.
Аҷуза
Марди масте базӯр ба хонааш хазида мерасад. Занаш ӯро бо ҷорӯб пешвоз мегирад. Мард ҷорӯби занашро дида, наздаш ба зону зада, илтиҷо мекунад:
— Занак, илтимос, парида нарав! Дигар ҳеҷ гоҳ арақ намехӯрам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ