толеънома

Толеъномаи 31-уми марти соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рўз барои вохўриву мулоқотҳои ошиқона созгор аст. Робита бо шахси бароятон наздик ашку озурдагӣ меорад. Муносибати дағалонаи ошиқатон ё бадбинии дуҷониба боиси аз ҳам ҷудо шуданатон мегардад. Мардҳо ба асабхаробӣ гирифтор мешаванд ё муноқишаи оилавӣ имкон дорад. Аз дағалгуфториву садо баланд кардан худдорӣ намоед.

Савр (21 апрел-22 май)

Ба вазъи саломатии худ бодиққат бошед. Парҳезро риоя намуда, аз хўрдани гўшт худдорӣ намоед. Вохўриву гуфтушунидҳои корӣ бобарор анҷом ёфта, даромад меоранд. Қабл аз он, ки нафареро танқид мекунед, ба сарулибоси худ диққат диҳед. Ба сафари роҳи дур дар танҳоӣ баромаданро тавсия намедиҳем.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Муноқишаи баногаҳ сарзада ба фоидаи шумо анҷом намеёбад. Фориғболӣ накунед, вагарна нохушиҳои нав шуморо домангир мешаванд. Саломатии мустаҳкам ва иродаи қавӣ шуморо аз муноқишаҳо сарбаландона берун месозанд. Дар ҷойи кор тафтиши ногаҳонӣ ва ба доми иғво афтоданатон имкон дорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Вазъи саломатиятон дар ин рўз хеле хуб мегардад. Ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед, вагарна муносибати атрофиён нисбататон бад мегардад. Наздиконатон ба меҳрубонии шумо ниёз доранд. Мулоқоти ошиқона бо шахсе, ки сахт дўсташ медоред, хеле олӣ мегузарад. Рўзи охирини моҳ корҳоятонро ҷамъбаст намуда, буҷаи моҳи апрелро тартиб диҳед. Бегоҳирўзӣ аз роҳи дур хабари хуш мешунавед.

Асад (23 июл-23 август)

Мулоқоти ошиқона барои бонувон боиси ҷудоӣ мегардад. Аз имкон дур нест, ки маҳз дар ҳамин рўз бо нафари дигаре шинос шуда, захмҳои дилатонро шифо мебахшед. Мутаассифона, ишқи наватон давомнок намешавад. Наздикон бо сабаби камбудиҳои рўзгор ва сардмуомилагии шумо норозигӣ изҳор карда, муноқиша мекунанд.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рўз мардҳо набояд ба эҳсосот дода шаванд, эҳтимоли асабхаробӣ ва рух додани муноқиша вуҷуд дорад. Бонувон бояд аз дағалгуфторӣ ё садо баланд кардан худдорӣ намоянд. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Байни зану шавҳарон бо сабабҳои ночиз нофаҳмӣ рух медиҳад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо сабаби баъзе ғалатҳои содиркардаатон бояд аз наздикони худ узр пурсед. Ба эҳсосот дода нашавед, аз дағаливу садо баланд кардан худдорӣ намоед, ба муноқиша роҳ надиҳед. Мушкилоти молиявиатон тўл мекашад, бояд аз пайи рафъ карданашон шавед. Дар муносибатҳои ошиқона ба шарму ҳаё роҳ надиҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Пешомади баде, ки дилатон гувоҳӣ медод, дар ин рўз амалӣ мешавад. Вазъият тавре сурат мегирад, ки шуморо дар корҳои зиёде гунаҳкор месозанд. Ҳангоми худро муҳофизат кардан ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед, вагарна вазъиятро душвортар месозед. Дўстдоштаатон ба меҳру муҳаббати шумо ниёз дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба вазъи саломатии худ ва робита ба ҳамкорон диққат диҳед. Муноқишае имкон дорад, ки ба фоидаи шумо ҳал намегардад.

Аз он ки дўстдоштаатон андешаашро нисбати шумо тағйир додааст, худатон гунаҳкоред. Дўстдорони машрубот андозаро нигоҳ дошта, субҳ бардам аз хоб бедор мешаванд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Мардҳо набояд ба эҳсосот дода шаванд. Бонувон бояд ба саломатии худ диққат дода, аз хўроки равғанин худдорӣ намоянд. Коре, ки дар ин рўз пайдо мекунед, аҷибу баобрў аст. Зимни сафарҳои корӣ бо шахси олиҷаноб шинос мешавед. Баъди робита бо ҳамсафари хуб руҳатон болида мегардад. Бегоҳирўзӣ даромади пулӣ имкон дорад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рўзи душвор аст, тамоми рафтори худро андеша намоед. Зимни робита бо наздикон мушкилиҳо сар зада, шуморо гунаҳкор месозанд. Аз имкон дур нест, ки аҳли оила аз беэътиноии шумо гила доранд, ин камбудиро рафъ намоед. Мукофотпулии калон ва хариди хуб карданатон имкон дорад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Аз ҳамкориҳои хатарноку шубҳаовар худдорӣ намоед. Агар бо роҳи макру ҳилла равед, муфлис мегардед. Ба худ бовар кунед, на ба онҳое, ки шуморо фиреб додан мехоҳанд. Агар ба муносибатҳои ошиқонаатон меҳру муҳаббатро ворид намоед, боз ҳам наздиктар мегардед. Барои ба рухсатии меҳнатӣ баромадану истироҳат кардан рўзи мусоид аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *