Ширкати паҳлавонони тоҷик дар Antalya Grand Slam 2023

Панҷ паҳлавони узви дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷудои Antalya Grand Slam 2023, ки аз 31-уми март то 2-юми апрел дар Анталияи Туркия баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Барои иштирок дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 617 варзишгар (357 мард, 260 зан) аз 85 кишвар даъват шудаанд. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 варзишгарро ба Анталияи Туркия сафарбар кардааст, ки инҳо дар вазни -60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов, -66 кг Обид Ҷебов, -73 кг Беҳрӯз Хоҷазода, -81 кг Шодмон Ризоев ва -90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов ҳастанд.

Рақобатҳо чун анъана дар ҳафт вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сурат мегирад. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд, ки ба ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1500 евро дода мешавад.

Барномаи мусобиқа аз рӯзи 31-уми март бо набард миёни бонувон дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг, мардҳо -60 кг, -66 кг оғоз мешавад. Дар рӯзи 1-уми апрел бонувон дар вазнҳои -63 кг, -70 кг, мардҳо дар вазнҳои -73 кг, -81 кг, 2-юми апрел бонувон дар вазнҳои -78 кг, +78 кг, мардҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг набард хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *