Пешниҳоди генерали амрикоӣ: Украинаро ду тақсим кунед!

Генералитети ИМА ба ғалабаи Украина бовар надорад ва пешниҳод мекунад, ки ин кишвар байни Русия ва Полша ду тақсим карда шавад.

Ҳамраиси Маркази амнияти амрико (AFPI), генерал-лейтенант Кит Келлог ақида дорад, ки Украина ҳатто бо дастгирии ИМА ва Аврупо низ наметавонад дар муқовимат бо Русия пирӯз шавад, аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки дар бораи тақсимоти он байни давлатҳое, ки таърихан ин қаламравро идора мекарданд, бояд фикр кард.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки қисми зиёди Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, аз ҷумла онҳое, ки аз рӯи стандартҳои НАТО таълим гирифтаанд, аллакай мурдаанд. Илова бар ин, Русия аз Украина аз ҷиҳати қудрат дар захираҳо, маблағҳо ва иттифоқчиён хеле болотар аст. Аз ин рӯ, ба эҳтимоли зиёд натиҷаи ин муқовимат сулҳи таҳқиромез ва тақсимоти оянда барои Киев мебошад.

«Вақти он расидааст, ки Украинаро тақсим кунем: аз дарёи Днепр шарқ ба Русия ва ғарб ба Полша мегузарад. Таърихан ин ду кишвар Украинаи ҳозираро идора мекарданд»,- мегӯяд Келлог.

Ёдовар мешавем, ки Хадамоти кашшофӣ (разведка)-и хориҷии Русия борҳо аз даъвоҳои ҳудудии Лаҳистон ба замини Украинаи Ғарбӣ ҳушдор додааст. Айни замон Варшава чунин иттиҳомотро рад мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *