Тафтиши шикояти сокини пойтахт оид ба баҳси “Лексус”-аш

Марди 35-солае аз пойтахт ба Вазорати корҳои дохилӣ аз он шикоят кардааст, ки як мард мошини ӯро, ки 250 ҳазор сомонӣ арзиш доштааст, гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

ВКД иттилоъ медиҳад, ки “12-уми декабри соли 2022, ҳангоми дар МС «Сиёма Молл» қарор доштанаш, марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи «Лексус ҶС-350»-ро, ки аризишаш 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст”.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *