Ҷавонон, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед!

Рӯзи 30-юми марти соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии «Сарварон (лидерҳо)-и сиёсӣ» доир гардид. Дар нишаст вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим низ иштирок дошт.

Нишаст бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. оғоз ёфта, пас аз он Азим Иброҳим дар бораи мавзуҳои ҷавонон, идеологияи созанда ва низоми идоракунии давлати муосир сухан ронд.

Зимнан, дар нишаст таъкид ба он карда шуд, ки ҷавонони тоҷик бояд имрӯзҳо, ки замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳост, пайравони ҳақиқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд. Онҳо зиракии сиёсиро набояд аз даст дода, илова бар ин, ободкору ташаббусгар бошанд ва бо руҳияи созандаи худ ҷомеаро ба сӯйи ояндаи дурахшон роҳнамоӣ кунанд.

Ҷавононе, ки воқеан ватандӯстдору меҳанпарваранд, рушду равнақи кишвари хешро мехоҳанд ва дастовардҳои илму техникаи муосир ва таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиётро фаро гирифта, бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати худ кӯшишу талош менамоянд. Ин қишри ояндасозу миллатсоз бояд моҳият ва ҷавҳари аслии истиқлолияти давлати худро ба хубӣ дарк карда, рамзҳои давлатӣ, забони модарӣ, фарҳанги миллӣ, таърихи қадимаи миллати хешро муқаддас шумурда, аз он ифтихор кунанд. Агар чунин ҳолат сурат гирад, мо бо итминон гуфта метавонем, ки аз амнияти давлату миллат ва рушду ободии Ватани азизи худ осудаву дилпур ҳастем.

Дар аснои нишаст Азим Иброҳим дар бораи замони фаъолияти худ дар сохторҳои гуногуни давлатӣ, ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита бо сиёсати давлатии ҷавонон, ба роҳ мондани озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва бунёди иншооти замонавию корҳои созандагӣ суханронӣ намуда, ҷавононро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват карданд.

Дар поёни нишаст муҳтарам Азим Иброҳим ҷиҳати рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба роҳбарияти донишгоҳ ва якчанд устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо Ифтихорномаю Сипосномаи вазорат қадрдонӣ намуданд.

Хотирнишон мекунем, ки баргузории курсҳои омӯзишӣ бо иштироки роҳбарони ниҳодҳои гуногун дар сар то сари ҷумҳурӣ идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *