ДМТ

Ректори ДМТ: Дар факултети журналистика Шӯрои диссертатсионӣ таъсис меёбад

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар чорабиние бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар факултети журналистика изҳор дошт, ки ояндаи наздик дар назди ин факултет Шӯрои диссертатсионӣ ва як студияи телевизионӣ таъсис хоҳад ёфт.

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо ташаббуси факултети журналистикаи ДМТ имрӯз, 10-уми март бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода, раиси Иттифоқи журналистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, устодону донишҷӯён, намояндагон аз воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода изҳор дошт, ки дар шароити муосир дар рӯзгори мо нақши воситаҳои ахбори омма торафт меафзояд. “Зеро расонаҳо оинаи зминдагӣ буда, дар онҳо набзи зиндагӣ инъикос ва таҳлилу баррасӣ мегардад”,- иброз дошт ректор.

Таъкид гардид, ки матбуоти тоҷик дар таърихи 111-солаи худ дар роҳи пешрафт ва ташаккули афкори ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу умумибашарӣ новобаста аз сиёсати замон содиқ будаву ҳаст.

“Чароғе, ки дар он рӯзгор ташаббускорони нахустин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф» афрӯхтанд, талоше барои рӯшанӣ андохтан дар рӯзгори аҷдодони мо буд. Ин нашрия камтар аз 10 моҳ умр дид, аммо роҳеро кушод, ки барои садсолаҳо хизмат хоҳад кард. Имрӯз «Бухорои шариф» барои аҳли қалами расонаҳои тоҷикӣ нахустин сабақи омӯзиши маҳорат ва касбият буда, дар роҳи тарғибу ташвиқи маърифати замонӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рушноибахш ва мактаби ибрат боқӣ мондааст”,- таъкид дошт Қобилҷон Хушвахтзода.

Зимни суханронӣ ректор гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон матбуоти расмӣ, ҳукуматӣ, ҷамъиятӣ, шахсӣ, соҳавӣ ва ғайра фаъолият доранд. Аммо манбаи асосии тайёр намудани мутахассисони эҷодӣ барои воситаҳои ахбори омма Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

 “Мо ба факултети журналистика таваҷҷуҳи хос дорем, ки ин тақозои замон аст. Дар Донишгоҳи мо аз рӯйи 6 ихтисоси журналистӣ — журналистика (тоҷикиву русӣ, рӯзонаву ғоибона), журналистикаи байналхалқӣ, журналист-тарҷумон, иттилоот ва робита, умури нашриёт, ВЭБ-журналист (рӯзонаву ғоибона) кадрҳо омода карда мешаванд. Мо барои омода намудани рӯзноманигорони баландихтисос тамоми шароитро муҳайё сохтаем”,- иброз дошт ректор.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар заминаи факултети журналистика радиои “Садои ДМТ” ба фаъолият оғоз кард. Ин радио аз рӯйи мавҷи алоҳида дар як қисмати пойтахт пахш мешавад.

Инчунин, Маркази илмиву таҳқиқи публитсистикаи тоҷик ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев таъсис ёфт. Ин марказ макони асосии омодасозии кадрҳои илмии самти журналистика мебошад.

Айни замон бо дастгирии ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода сохтмони студияи телевизион дар факултети журналистика идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *