Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Навбат

Мардеро хушдоманаш мефавтад. Вақте ки тобутро мебароранд, мебинанд, ки пешопеши тобут таккаи чамбаршохе меравад. Касе ба назди мард омада, маслиҳат медиҳад:

— Фармой он таккаро аз пеши тобут гиранд, айб аст, охир…

— Хушдоманамро ҳамин такка зада кушт,- мегӯяд мард ва ақидаи маслиҳатгар дарҳол тағйир меёбад:

— Оҳ, дар номат ҷонам, ҳамин таккаҳаката ягон ҳафта ба ман аренда намедиҳӣ? Пулашро нағз медиҳам…

— Аҷаб соддаӣ. Ту гумон мекунӣ, ки ҳамин 500 нафаре, ки аз паси тобут меоянд, ба ҷаноза омадаанд? Онҳо ҳама дар навбати ҳамин такка истодаанд… Аз қафо гузашта, дар навбат ист!

Қабристон

Мӯйсафеде дар истгоҳ аз ҷавоне мепурсад:

— Бачаҷон, кадом автобус ба қабристон мебарад?

— Автобуси бетормоз, бобоҷон!,- посух медиҳад ҷавон.

Дӯзах

Духтар ба падараш мегӯяд:

— Дада, ман наметавонам зани Иззат шавам, вай атеист асту ба вуҷуд доштани дӯзах боварӣ надорад…

Падар мегӯяд:

— Ту ҷасурона ба шавҳар баромадан гир, духтарам. Туву модарат ба зудӣ исбот месозед, ки ӯ иштибоҳ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *