Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт

Муҳорибаҳои даври чорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд ҷараён дорад.

Баҳодур Усмонов, паҳлавони тоҷик дар вазни то 64 кг дар ин чемпионат иштирок карда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт ва новобаста аз ин соҳиби медали биринҷӣ мегардад.

Аз Тоҷикистон ба чемпионат Меҳрон Шафиев, Меҳроб Ҳамидов, Меҳроҷ Зоидов, Асрор Воҳидов, Абубакр Муродзода, Баҳодур Усмонов, Расул Аҳадов, Довуд Маҳкамов, Некрӯз Салимов, Шаббос Негматуллоев, Парвиз Каримов, Давлат Болтаев ва Муҳаммад Аброриддинов сафарбар шуда буданд. Дар мусобиқаи мазкур 640 варзишгар аз 140 давлат номнавис шуда, сабқатҳо дар 13 категорияи вазнӣ доир мешаванд.

Ба иттилои расонаҳо, хазинаи ҷоизаи чемпионат беш аз 5 млн долларро ташкил дода, барандаҳои ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 ҳазор доллар, барандагони медали нуқра 100 ва барандагони медали биринҷӣ 50 ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *