Хатлон дар озмуни “Сад ранги чакан” ҷойи якумро гирифт

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Сад ранги чакан» ҷойи якум насиби вилояти Хатлон гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и вилоят, фестивали “Сад ранги чакан” дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 2023, таҳти рақами АП318 «Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмун, анъанаю ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар вилояти Хатлон барои соли 2023» ба роҳ монда шуда, мақсад аз он тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ, муаррифии тарҳҳои навгунаи сарлибоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати ҳунарҳои аҷдодӣ аз қабили нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ арзёбӣ мегардад.

— Баргузор намудани чунин фестивал яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ буда, он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона карда шудааст,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки фестивали мазкур аз рӯи 6 номинатсия, намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ баргузор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *