Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Асп

Дар маркази таъмири мошинҳо:

— Усто, ҳолати мошини ман чӣ гуна аст?

Усто дар ҷавоб:

— Медонед чӣ, агар ин мошин неву асп мешуд, ман ба шумо тавсия медодам, ки онро парронед…

Одамгарӣ

Зан ба шавҳараш мегўяд:

— Одаму одамгариро фаромўш кардаед вақтҳои охир. Хушдоманатон аз ҳамин қадар роҳи дур меҳмон шуда омаданду шумо бошед, ақаллан ягон ҷо тамошо ҳам набурдед он касро.

— Занак,- мегўяд шавҳар дар ҷавоб,- ин кори бефоида. Ба куҷое набарам, роҳро медонад, боз гашта хона меояд.

Каллапӯш

Мураббия аз кӯдаке мепурсад:

— Салимҷон, одам бо гӯш чӣ кор мекунад?

Салимҷон:

— Ҳама ҷоро мебинад.

Мураббия:

— Охир барои дидан чашм ҳаст-ку!

Салимҷон дар ҷавоб:

— Дуруст мегӯед, вале агар гӯш надошта бошам, каллапӯшам болои чашм меафтаду ман дигар чизеро дида наметавонам…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *