наручник

Боздошти духтур барои марги ноболиғ

Абдурасул Ҳоҷиев, духтур-ҷарроҳи Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ боздошт шудааст. Нисбати ӯ бо ҷурми “номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ, ки боиси марги шахс шудааст” парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Прокуратураи шаҳри Душанбе дар вокуниш ба муроҷиати кушоди Шоира Зуҳурова, модари Севинч Шукурова, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, навиштааст, ҳодисаи марги ӯ, ки рӯзи 8-уми апрел рух додааст, аз ҷониби ин ниҳод мавриди санҷиш қарор дода шудааст.

Баъди ташхиси комиссияи судӣ-тиббӣ маълум гардидааст, ки “сабаби марги ноболиғ Шукурова С. пайдо шудани садамаи анафилактикӣ аз маҳлули дорувории “Лидаза” будаааст, ки аз ҷониби духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев Абдурасул Муҳамадиевич бе зарурият таъин ва гузаронида шудааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *