Як рӯзи ройгон дар Осорхонаи миллӣ

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо 18-уми май аз соати 18:00 то 23:00 иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” доир мешавад. Даромадан ба ин чорабинӣ ва тамошо ройгон аст.

Дар доираи баргузории иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” 24 маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ гузаронида хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар осорхона нигораҳои “Шоҳзодаи Фархорӣ”, “Маликаи Сосониён — Бурондӯхт”, “Умари Хайём ва Абӯрайҳонӣ Берунӣ”, “Дарси устоду шогирд — хушнависӣ”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, навозиши асбоби мусиқӣ, фалакхонӣ, ҳунарҳои чакандӯзӣ, шашмақомхонӣ ва оши палав ташкил ва манзури тамошобинон мегардад.

Чорабинии “Шабе дар Осорхона” иқдоми байналмилалӣ буда, ҳадафи он фароғати шаҳрвандон, нишон додани осорхона ҳамчун макони фарҳангӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *