Душанбеву Сямэн 10-солагии бародаршаҳриро ҷашн мегиранд  

Ба истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сямэн 10 сол пур мешавад. Ба ин муносибат дар ин ду шаҳри Тоҷикистону Чин чорабиниҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба иттилои мақомоти Душанбе, бо мақсади дар сатҳи  хотирмон таҷлил намудани ин санади таърихӣ ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ, ҳайати баландпояи шаҳри Сямэн таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Чжан Жунлян 15-уми май бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омаданд. Ҳайатро муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисодию сармоягузорӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла иқтисоди сабз ва рақамӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.
Таъкид менамоем, ки Ёддошти тафоҳум дар хусуси паймони бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сямэн 10-уми июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *