Ҳаракати мошинҳо дар хиёбони Ғафуров манъ шуд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт 15-уми июн аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои «Саодат» муваққатан қатъ карда мешавад.

Шаҳрдорӣ хабар додааст, ки қатъи роҳи мазкур бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Б. Ғафуров (аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои «Саодат») сурат мегирад.

Мақомоти шаҳри Душанбе аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Б. Ғафуров истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки барои ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти кишвар ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Аз ҷумла, дар 11 иншооти роҳсозии пойтахт бо дарозии 23,7 километр, 1 адад иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 2,43 километр ва дар 26 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *