Аз таҳти дил бихандед!
Асп
Дар маркази таъмири мошинҳо:
– Усто, ҳолати мошини ман чӣ гуна аст?
Усто дар ҷавоб:
– Медонед чӣ, агар ин мошин неву асп мешуд, ман ба шумо тавсия медодам, ки онро парронед…
Одамгарӣ
Зан ба шавҳараш мегўяд:
– Одаму одамгариро фаромўш кардаед вақтҳои охир. Хушдоманатон аз ҳамин қадар роҳи дур меҳмон шуда омаданду шумо бошед, ақаллан ягон ҷо тамошо ҳам набурдед он касро.
– Занак,- мегўяд шавҳар дар ҷавоб,- ин кори бефоида. Ба куҷое набарам, роҳро медонад, боз гашта хона меояд.
Каллапӯш
Мураббия аз кӯдаке мепурсад:
– Салимҷон, одам бо гӯш чӣ кор мекунад?
Салимҷон:
– Ҳама ҷоро мебинад.
Мураббия:
– Охир барои дидан чашм ҳаст-ку!
Салимҷон дар ҷавоб:
– Дуруст мегӯед, вале агар гӯш надошта бошам, каллапӯшам болои чашм меафтаду ман дигар чизеро дида наметавонам…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ