Аз таҳти дил бихандед!
Ба пеш!
Марди тоҷике аз марди тотор мепурсад:
— Бо забони шумо “ба пеш” чӣ гуна тарҷума мешавад?
— Алга!,- посух медиҳад тотор.
Тоҷик боз мепурсад:
— “Ба қафо” чӣ?
Тотор мегӯяд:
— Мардуми тотор қафо гуфтанӣ гап надоранд, онҳо дар ҷояшон тоб хӯрда, боз “алга” мераванд!
Нигоҳи пулчинак
Зане ба хонааш ғамгин меояд. Шавҳараш аз ӯ мепурсад:
— Ҳа, занак, чаро ғамгин ҳастӣ?
Зан мегӯяд:
— Имрӯз дар мусофирбар пулчинак тавре ба ман нигоҳ кард, ки гӯё ман роҳкироро надода бошам.
Шавҳар:
— Баъд ту чӣ кор кардӣ?
Зан:
— Ман ҳам тавре ба ӯ нигаристам, ки гӯё роҳпулиро дода бошам.
Савоб
Аз марде пурсиданд:
— Бародар, ҳамин тобутро аз пеш қапидан савоб аст ё аз қафояш?
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
— Муҳимаш, дар дохили он набошӣ, шуд!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ