Иқдоми нек дар ДДОТ: Осорхонаи таърихии донишгоҳ таъсис дода мешавад

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз як иқдоми неку наҷиб хабар дод.
Бино ба иттилои ДДОТ, ректори донишгоҳ зимни ҷаласаи назоратӣ изҳор доштааст, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Осорхонаи таърихии донишгоҳ” таъсис дода шуда, дар он дастовардҳои ин боргоҳи илму дониш ба маърази намоиш гузошта мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки “Осорхонаи таърихии донишгоҳ” дар бинои нави таълимии замонавии 5-ошёна, ки аз синфхонаҳои таълимӣ, таҳхона, ошхонаи умумӣ ва толори нави фарҳангӣ барои 570 ҷойи нишаст иборат аст, таъсис дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *