Аз таҳти дил бихандед!
Ба пеш!
Марди тоҷике аз марди тотор мепурсад:
– Бо забони шумо “ба пеш” чӣ гуна тарҷума мешавад?
– Алга!,- посух медиҳад тотор.
Тоҷик боз мепурсад:
– “Ба қафо” чӣ?
Тотор мегӯяд:
– Мардуми тотор қафо гуфтанӣ гап надоранд, онҳо дар ҷояшон тоб хӯрда, боз “алга” мераванд!
Нигоҳи пулчинак
Зане ба хонааш ғамгин меояд. Шавҳараш аз ӯ мепурсад:
– Ҳа, занак, чаро ғамгин ҳастӣ?
Зан мегӯяд:
– Имрӯз дар мусофирбар пулчинак тавре ба ман нигоҳ кард, ки гӯё ман роҳкироро надода бошам.
Шавҳар:
– Баъд ту чӣ кор кардӣ?
Зан:
– Ман ҳам тавре ба ӯ нигаристам, ки гӯё роҳпулиро дода бошам.
Савоб
Аз марде пурсиданд:
– Бародар, ҳамин тобутро аз пеш қапидан савоб аст ё аз қафояш?
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
– Муҳимаш, дар дохили он набошӣ, шуд!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ