Ҳушдори КҲФ аз селҳо ва резиши сангу ярчи рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 24-25-уми май дар як қатор ноҳияҳои куҳӣ ва наздикуҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон омадани селҳо эҳтимол дорад.

Бино ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, дар ин рӯзҳо болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои куҳиву наздикуҳӣ, резиши санг ва ярч низ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар муроҷиат кардааст, ки дар чунин рӯзҳои хатарзо ба соҳили махзанҳои об нараванд ва ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои куҳӣ эҳтиёт кунанд. 

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорҳо эмин монанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *