Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023 муайян гардид

Дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯён бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии “Ҳаракати умумимиллии Бобек”-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии “eLIBRARY.RU”-и Федератсияи Русия ҷиҳати муайяннамоии беҳтарин донишҷӯ миёни донишгоҳҳои олии кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон озмун доир гардид.

Озмуни байналмилалии “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” аз рӯи бахшҳои илм, варзиш ва санъат баргузор гардида, V-умин китоби байналмилалии “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” нашр шуд.

Дар озмуни мазкур донишҷӯи курси 2, ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Акбарзода Мубориз Мусо зери роҳбарии мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Сафарализода Хуҷамурод иштирок намуда, дар асоси хулосаи комиссияи озмун барандаи ҷоизаи “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” дар бахши илм гардид ва бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» мукофотонида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *