Тоҷикистон бо Қатар, Лубнон ва Чин бозӣ мекунад

Дар Давҳа маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуд. Аз рўи натоиҷи он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» қарор гирифт. Дастаи Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Қатар, Лубнон ва Чин бозӣ мекунад.

Аз рўи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ ҷудо шуданд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чор дастаи беҳтарини зинаи сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Гурӯҳи «А»

Қатар

Чин

Тоҷикистон

Лубнон

Гурӯҳи «В»

Австралия

Ўзбекистон

Сурия

Ҳиндустон

Гурӯҳи «С»

Эрон

Аморати Араб

Ҳонконг

Фаластин

Гурӯҳи «D»

Ҷопон

Индонезӣ

Ироқ

Вйетнам

Гурӯҳи «Е»

Курёи Ҷанубӣ

Малайзия

Урдун

Баҳрайн

Гуруҳи «F»

Арабистони Саудӣ

Тайланд

Қирғизистон

Умон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *