Муаррифии имкониятҳои сайëҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Риëз-2023»

Имкониятҳои сайëҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «Риëз-2023» муаррифӣ гардид.

Дар ин чорабинӣ, ки то 24-уми май баргузор мешавад, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар сохторҳои вобаста ва ширкатҳои сайëҳӣ иштирок доранд.

Дар намоишгоҳ самтҳои афзалиятноки соҳаи сайëҳии дар Тоҷикистон рушдëбанда, аз ҷумла сайëҳии куҳӣ, хоса куҳнавардӣ, лижаронӣ ва рафтинг, инчунин саломатӣ, экологӣ, шикор ва моҳидорӣ, таърихӣ, маърифатӣ ва этнографӣ муаррифӣ карда шуд.

Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои вобаста ва ширкатҳои сайëҳии мамлакат имкон пайдо намуданд, ки бо истифода аз воситаҳои муосири тарғиботӣ табиати дилангез, қуллаҳои баланд, водиҳои зебоманзар, мавзеъҳои истироҳатӣ, расму оин, фарҳанги бою пурғановат ва ҳунарҳои мардумию таомҳои милии тоҷикиро ба оламиëн муаррифӣ намоянд.

Дар чорабинӣ намояндагони зиëда аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд ва аз гӯшаи Тоҷикистон, ки густурда ташкил гардида, зарфиятҳои зиëди сайëҳии мамлакат ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *