Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Қибла

Аз пурхӯре пурсиданд:

— Қибла кадом тараф?

Пурхӯр гуфт:

— Ҳамон тарафе, ки дастархон бошад.

“Романтик”

Як духтар ба дугонааш мегӯяд:

— Дӯстдоштаи ман хело “романтик” аст.

Дугонааш мепурсад:

— Чӣ гуна?

— Духтар:

— Вақте дар капоти мошини гаронбаҳояш бо мех » Ман туро дӯст медорам» навиштам, аз гиря кардан қариб ҷонаш барояд…

Ҷабр

Устоде кори шогирдро ба номи худ менавишту муздро ба ҷайби хеш мезад. Тоқати шогирд тоқ шуду гуфт:

— Ин чӣ ҷабр аст?

Устод гуфт:

— Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *