Аз таҳти дил бихандед!
Қибла
Аз пурхӯре пурсиданд:
– Қибла кадом тараф?
Пурхӯр гуфт:
– Ҳамон тарафе, ки дастархон бошад.
“Романтик”
Як духтар ба дугонааш мегӯяд:
– Дӯстдоштаи ман хело “романтик” аст.
Дугонааш мепурсад:
– Чӣ гуна?
– Духтар:
– Вақте дар капоти мошини гаронбаҳояш бо мех ” Ман туро дӯст медорам” навиштам, аз гиря кардан қариб ҷонаш барояд…
Ҷабр
Устоде кори шогирдро ба номи худ менавишту муздро ба ҷайби хеш мезад. Тоқати шогирд тоқ шуду гуфт:
– Ин чӣ ҷабр аст?
Устод гуфт:
– Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ