Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Кумак кардам-ку!

Ҷавонзан бо қаҳр ба шавҳараш гуфт:

— Лифт вайрон шуд! Ман пиёда то ошёнаи 7 баромадам. Дар як дастам кӯдак, дар дигараш аробача ва халтаи картошкаву пиёз, қариб аз ҳуш мерафтам. Ту бошӣ, ақаллан кумак намекунӣ!

Шавҳар дар посух:

— Чӣ хел кумак намекунам? Дарро кӣ барои ту кушод?

Зани ришдор

Марди бемӯе аз дорухона маҳлул барои афзоиш ёфтани мӯйро харидорӣ карда истода, аз фурӯшанда мепурсад:

— Ба фикри шумо, ин дору ба ман фоида мекунад?

Фурӯшанда мегӯяд:

— Албатта. Шумо шахси ришдорро дар касса мебинед? Ӯ завҷаи ман аст. Боре ҳамин доруро бо дандонаш кушодан хосту риш баровард.

Асабам ором аст

Зан ба шавҳараш занг мезанад:

— Мардак, маро бубахш, нафаҳмида ба ҷойи доруи шикамдард ба ту доруи асаб додам. Аҳволат чӣ хел?

Мард дар ҷавоб мегӯяд:

— Шимамро расво карда бошам ҳам, асабам ором аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *