Аз таҳти дил бихандед!
Саг
Муаллимаи биология аз толибилмон мепурсад:
— Бачаҳо, себро кай ғундоштан лозим аст?
Парвиз меяд:
— Моҳи август!
Мадина мегӯяд:
— Моҳи сентябр.
Далер мегӯяд:
— Вақте ки саг баста бошад!
Нафақа
Марде аз рафиқонаш мепурсад:
— Шумо ба ман фаҳмонед, ки барои чӣ духтури ҷарроҳ бояд дар синни 65 ба нафақа барояду корманди БДА дар 43-солагӣ?
Рафиқонаш мегӯянд:
— Барои он ки баъди 43-солагӣ корманди БДА дар мошин намеғунҷад.
Карамшӯрбо
Дар таваллудхона аз зани ҳомиладор мепурсанд:
— Хоҳар, шумо ба наздикӣ таваллуд карда будед, боз ҳомиладор шудаед. Магар баъди таваллудхона дарҳол ба бистари хоб даромадед?
Зан мегӯяд:
— Не, ман аввал карамшӯрбо пухтам…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ