Аз таҳти дил бихандед!
Воситаҳои ҳифзкунанда
Марде дар дорухона ба назди фурӯшанда омада, бо садои паст чизе гуфтан мегирад.
Фурӯшанда ба ғазаб омада, мегӯяд:
— Ҳой мардак, чӣ гуна воситаҳои ҳифзкунандаро мегӯед? Ин ҷо дорухона аст, на мағозаи яроқфурӯшӣ!
Густохӣ
Ҷавоне густохона ба духтар гап партофта, мегӯяд:
— Духтарак, зани ман мешавед?
Духтар дар ҷавоб:
— Ман дар ҷавоби чунин густохӣ чизе гуфта наметавонам.
Ҷавон мегӯяд:
— Шумо сар ҷунбонед, кифоя аст.
Аблаҳ
Марде аз қафои қатора медавад. Зан-роҳбалад ба ӯ нигариста, додзанон мегӯяд:
— Ҳой мардак, шумо ба қатора дер кардед-мӣ?
Мард бо ғазаб мегӯяд:
— Не, занаки аблаҳ, ман қатораро аз роҳи оҳан ронда истодаам!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ