толенома

Толеъномаи 13-уми августи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар ин рӯз тақдир нисбати шумо боилтифот гашта, дар ҳама кор муваффақ мегардед, ба шарте, ки оқилона рафтор намуда, мурғи барорро аз даст надиҳед. Аввали рӯз вохӯриҳои ошиқона на танҳо бароятон лаҳзаҳои нотакрор мебахшанд, балки бо мурури вақт бахту саодат низ меоранд. Ҳамалҳои оиладорро лаҳзаҳои хотирмон дар пеш аст.

Савр (21 апрел22 май)

савр

Аввали рӯз саврҳо бояд нисбати аҳли оилаи худ бодиққат бошанд. Миёнаи рӯз чунон серкор мешавед, ки аз дӯстону наздикон дур гашта, ҷисману руҳан сахт хаста мегардед. Аз баъзе атрофиёнатон эҳтиёт шаведу кӯшиш намоед бо касе муноқиша накунед. Ҳатто агар шумо ҳақ бошед ҳам, айни замон хомӯш буданатон хубтар аст.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Дар ин рӯз ҳатто агар аз худ дилпур бошед ҳам, аз кумаки атрофиён даст накашед. Аввали рӯз барои корҳои дастаҷамъона мусоид аст. Миёнаи рӯз агар нобарорие ба саратон ояд, руҳафтода шуда, тан ба тақдир супурда нашинед. Хеле ба зудӣ бахту барор ҳамсафаратон гашта, аз нав дилатон ба зиндагӣ гарм мешавад ва бори дигар эътимод пайдо мекунед, ки ҳама кор аз худатон вобастагӣ доштааст.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Нохушиҳои андаки ба саратон омада чунон табъатонро хира месозанд, ки якбора ба чоҳи яъсу ноумедӣ фурӯ меравед. Бо руҳафтода шудану ғам хӯрдан шумо вазъиятро чигилтар мегардонед. Ҳарчанд душвор бошад ҳам, тамоми қувваву матонати хешро ҷамъ карда, корҳоятонро ба тартиб дароред. Нимаи аввали рӯз хеле серкору хаста мешавед, вале зиндагиятон рӯ ба беҳбудӣ меораду мушкилиҳо рафъ мегарданд.

Асад (23 июл23 август)

асад

Дар ин рӯз табъатон нозуку дилатон ранҷур мегардад, аз ҳар кори атрофиён озурда мегардед. Атрофиён ин ҳолати шуморо дуруст фаҳмида натавониста, ба ҳайрат меоянд. Асадҳое, ки дар муҳоҷират қарор доранд, бояд аз ҳоли наздиконашон бохабар шаванд. Дар масъалаҳои пулӣ ба касе бовар накунед, ба нафарони шубҳанок қарз надиҳед. Охири рӯз хеле фаъол мегардеду бо қувваи дучанд ба кор мечаспед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Дар ин рӯз бо наздикон ҷамъ шуданатон хуб аст, ҳатто агар барои ба ҳам омадани шумо сабабе ҳам набошад. Аз пештара зиёдтар кор карданатон лозим меояд. Миёнаи рӯз дар дуроҳаи қисмат ҳайрон мемонед, бояд тавре рафтор намоед, ки на сих сӯзаду на кабоб.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Нимаи аввали рӯз бароятон номусоид меояд. Ба ягон амали ҷиддӣ даст назанед, кори муҳимеро оғоз накунед. Вазъият ногувор гашта, ҳодисаҳои рухдода табъатонро сахт хиҷил месозанд, дар ин муддат бояд сари ягон қарор наоед, вагарна вазъиятро чигилтар мегардонед. Охири рӯз ҷангу муноқишаҳо рафъ мегарданд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Ташвишҳои рӯзмарра дилбазан мегарданду шуморо хаста месозанд. Аз ин лиҳоз, нимаи аввали рӯзро дар танҳоӣ паси сар намуда, аз вохӯрӣ бо атрофиён худдорӣ намоед. Дар саратон чанд нияту ақидаи нав пайдо мешавад, вале бо сабаби он ки якбора руҳафтодаву ноумед мегардед, нақшаҳо амалӣ намегарданд. Қисмати зиёди рӯзро бо табъи гирифта паси сар мекунед. Охири рӯз тамоми қувваи худро ҷамъ карда, аз паси кор шавед, муваффақият ҳамсафаратон мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Аввали рӯз масъалаи душворе пеш меояд, ки ҳам рафъ кардану ҳам бурд карданатон душвор мегардад. Дар натиҷа бо шахсони бароятон наздик моҷаро мекунед. Миёнаи рӯз бо қувваи дучанд мехоҳед тамоми мушкилиҳоро бо як кӯшиш рафъ намоед, вале душвор бошад ҳам, муваффақ мегардед. Охири рӯз барои рафъи масъалаҳои ҳаёти шахсӣ мусоид аст.  Тамоми бурдбориҳоятон ҳосили меҳнати қаблан кардаатон аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Аввали рӯз аз қуввату матонати худ чунон дилпур мегардед, ки ин ҳолататон аз атрофиён пӯшида намемонад. Азбаски дар хунатон нерӯи сарварӣ карданро доред, вазъиятро ба хости худ тағйир дода метавонед. Агар дар ҳамин рӯз каме ҷаҳд намоед, комёбиҳои зиёдеро ба даст меоред. Дар муносибат бо шахси дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётиатон боэҳтиёт бошед, зеро вазъият номусоид аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Хуб мебуд, ки ба танқиду эрод ва сарзаниши атрофиён аз ҳад зиёд хӯрдагирӣ накунед. Шумо нуқтаи назари худро доред ва онро пайгирӣ намоед. Тамоми ҷашну маъракаҳое, ки дар ин рӯз ба нақша гирифтаед, дар сатҳи олӣ мегузаранд. Агар худро нотоб ҳис кунед, барвақттар истироҳат кунед. Мулоқоти ошиқонаатон бо сабабҳои номаълум сурат намегирад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Аввали рӯз чунон асабиву моҷароҷӯ мешавед, ки бе сабаб ба атрофиён ҳуҷум мекунед. Хушбахтона ин ҳолати шумо муваққатӣ буда, то дами ба худ омадан бо нафаре сахт ҷанҷол намекунед. Миёнаи рӯз хоҳиши ишқбозиятон пайдо шуда, муносибатҳои нави ошиқона месозед. Барои он ки аз бемории баногаҳ пайдошуда раҳоӣ ёбед, аз хӯрдани хӯрокҳои сахту равғанин худдорӣ намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *