Аз таҳти дил бихандед!
Савдои писар
Марде бо писараш рафта истодаанд, ки баногаҳ аз наздашон духтари зебое мегузарад. Мард ба писараш мегӯяд:
— Агар дар назди ҳамон духтар маро ако гӯӣ, ба ту 1 сомонӣ медиҳам.
Кӯдак дар ҷавоб мегӯяд:
— Не, 1 сомонӣ намешавад. Дирӯз дар назди як мард модарамро апа гуфтам, ба ман 5 сомонӣ дод.
Интизории маст
Масте дар кӯча меистод. Пурсиданд, ки чаро ин ҷо истодаасту ба хонааш намеравад.
Гуфт:
— Намебинед, тамоми шаҳр гирди ман чарх мезанад, интизорам, ки хонаам пешам ояд ва бе ҳеҷ заҳмате ба он дохил шавам.
Мӯйсафеди қаҳрамон
Мӯйсафеди 80-солае ба духтур шикоят мекунад:
— Духтурҷон, баъди ҳамхобагӣ бо занам дар гӯшҳоям ғавғо мешунавам. Ин садои чист?
Духтур дар ҷавоб мегӯяд:
— Ин кафкӯбӣ барои қаҳрамониҳоятон аст, бобоҷон!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ