Толибон хабари боздошти президенти собиқи Афғонистонро шарҳ доданд

Раҳбари дафтари сиёсии ҷунбиши радикалии Толибон* дар Қатар Суҳайл Шоҳин дар бораи эҳтимоли боздошти Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон иттилое надорад ва эътироф мекунад, ки ин овоза аст.

Шоҳин дар шарҳи хабарҳо дар бораи эҳтимоли боздошти Карзай аз ҷониби мақомоти кунунии Афғонистон гуфт, ки «ман дар ин бора маълумот надорам, ин метавонад овоза бошад».

Қаблан Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон аз ҳукумати муваққати ин кишвар, ки аз сӯи Толибон ташкил шудааст, даъват карда буд, ки мамнуияти таҳсил ва кор дар созмонҳои ғайридавлатии занонро лағв кунад.

Чанде қабл пойгоҳи хабарии “Афғонистон Интернешнал” бо такя ба манобеаш хабар дод, ки раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзайро гурӯҳи Толибон таҳти назорати худ қарор дода ва равобити ӯ бо ҷаҳони берунро қатъ карда, маҳдудиятҳои ҷиддие дар роҳи ҳаракатҳои ӯ ҷорӣ кардаанд.

Толибон бошанд иддао кардаанд, ки «ин маҳдудиятҳо ба хотири муҳофизат аз Карзай дар баробари ҳамалоти ДОИШ» роҳандозӣ шудааст.

Карзай, ки ҳоло 65 сол дорад, дар поёни соли 2001, дар пайи суқути режими якуми Толибон аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико ба қудрат расид ва то соли 2014 раёсати Афғонистонро дар даст дошт.

*Толибон — ташкилоти террористии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳои ҷаҳон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *