Рӯнамоии китоби “Наполеони Афғонистон” дар Душанбе

Имрӯз, 6-уми сентяб дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон силсиласеминари “Тоҷикони номдори Афғонистони муосир ” баргузор гардид, ки дар он рӯнамоии китоби нависанда ва журналисти фаронсавӣ сурат гирифт.

“Наполеони Афғонистон” дар бораи зиндагиномаи Аҳмадшоҳи Масъуд бо забони ангилисӣ ба чоп расида, аз тарафи тарҷумон Зубайди Суҳайл ба забони форсӣ тарҷума шудааст.

Хусусияти хоси китоб дар он аст, ки нависанда 20 сол бо Аҳмадшоҳ шиносоӣ дошта, аз рӯзгор ва фаъолияти ӯ ба пуррагӣ бохабар аст. Ҳамчунин, дар китоб аз дастнависҳои худи Аҳмадшоҳ, ки то ҳанӯз чоп нашудаанд, истифода шудааст.

Дар назар аст, ки ин китоб дар оянда ба забони тоҷикӣ ҳам тарҷума шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *