Аз таҳти дил бихандед!
Раҳматнома ва пул
Корманди тамаъкоре ба назди сардор даромада, гуфт:
— Хӯҷаин, имшаб хоб дидам, ки шумо ба ман раҳматнома ва мукофоти пулӣ додаед.
Сардор гуфт:
— Раҳматномаро нигаҳ дору пулро ба муассиса баргардон, ки алҳол мо ба он сахт эҳтиёҷ дорем.
Ранг
— Мардак, бас кун бурутҳоятро ранг карданро!
— Чӣ, магар маълум аст?
— Дар ту не, аммо гардани сафеди котибаат дирӯз сиёҳ буд.
“Туҳмат”
Сардор як нафар корманди муассисаро назди худ даъват карда, гуфт, ки аз болои ӯ ариза омада ва дар ариза гуфта шудааст, ки ӯ чанд зан дорад.
— Ин туҳматро кӣ навиштааст?,- гуфта ғавғо бардошт корманди муассиса.
— Занатон,- ҷавоб дод сардор.
— Кадомаш?,- пурсид ӯ беихтиёр.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ