Канзи шифо: Қадкӯтоҳӣ. Аз нигаронӣ то роҳи ҳал

Солҳои охир бештари волидайн аз қадкӯтоҳии фарзандонашон нигарон ҳастанд ва бо ин мушкил ба табибон муроҷиат мекунанд. Доктор Аббоси Таваккулиён ба ин масъала равшанӣ меандозад.

Қади кӯдак бояд чанд сантиметр бошад?

Ҳар чизе дар ин дунё як таърифи хос, меъёр, тарҳ ва нақша дорад. Андозаи қади ҳамаи кӯдакони навзод, агар норас набошанд ва бемориҳои ирсӣ надошта бошанд, тибқи меъёр аз 47 то 53 см ва ба таври мутавассит 50 см хоҳад буд.

Ҳамаи кӯдакон дар соли аввали пас аз таваллуд ҳудуди 25 см баландтар хоҳанд шуд. Дар соли дуввум ҳудуди 12,5 см қад хоҳанд кашид. Бинобар ин, ҳангоме, ки 2 сола мешаванд, андозаи қадашон байни 85 то 90 см ва ба таври миёна 87,4 см хоҳад шуд. Пас аз 2-солагӣ миқдори рушди солонаи кӯдакон ҳудуди 5,5 см дар сол хоҳад монд.  

Ба унвони мисол, агар кӯдаки шумо 7 соли пурра дорад, бояд қади ҳудуди 115 см дошта бошад. Яъне 87,5 см барои 2 соли аввали умр ва сипас ба изофаи 5,5 см дар сол, барои 5 соли баъд (то 7-сола) мешавад 27,5 см. Ҳоло ду адади 87,5 см ва 27,5 см-ро ҷамъ мекунем, мешавад 115 см.

Масалан, агар кӯдаки шумо 7 солу 8 моҳ дошта бошад, бояд барои ҳар моҳи баъдӣ 0,5 см изофа кунед. Ададе, ки бо ин формула ба даст меоваред, рақами миёна ё мутассити қади маъмул барои он син хос мебошад. Дар аксари вақтҳо ададе, ки ба даст меоваред, дақиқан ба андозаи қади фарзанди шумост. Аммо андозаи 112 см то 118 см ҳам барои кӯдаки шумо ҳанӯз муътадил ба ҳисоб меравад.

Чӣ тавр қадро чен мекунанд?

Ин тавсифҳо ба ин ҷиҳат аст, ки шумо қабл аз муроҷиат ба табиб, аввал меъёри миёнаи қади фарзанди худро ҳисоб кунед ва сипас қадашро бодиққат андоза гиред. Агар қади андозашуда бо меъёрҳои муайяншуда комилан наздик бошад, маънияш ин аст, ки фарзанди шумо аз назари рушд солим аст ва ниёз ба муоинаи эндокринолог надорад.

Барои андозагирии қад, кӯдак бояд пушт ба девор истад ва мустақим ба девори рӯ ба рӯ нигоҳ кунад. Пойҳо бояд канори ҳам ва пушти пойҳо, шонаҳо ва сари кӯдак ба девор часпида бошанд. Дар ин ҳолат як хаткашро рӯи фарқи сари кӯдак гузоред ва ба рӯи девор як нишона гузоред ва бо як ришта фосилаи аз замин то нишонаро андозагирӣ кунед. Ҷолиб аст бидонед, ки қади духтарҳо ва писарҳо то қабл аз инкишофи ҷинсӣ як хел буда ва аз ин формулаи ягона пайравӣ мекунад. Пас аз инкишофи ҷинсӣ, суръати рушд дар писарҳо нисбат ба духтарҳо бештар мегардад.

Чанд нуктаи бисёр муҳим

Ҳеч вақт қади фарзанди худро ба қаду қомати фарзандони хешу табор, авлод, ҳамсояҳо, ҳамсинфҳо муқоиса накунед. Ҳар фарзанд ба падар ва модари худ монанд мешавад ва қадаш пас аз инкишофи комил дар ҳудуди қади волидайн хоҳад буд.  

30 дарсади кӯдакон ба таври генетикӣ аз кӯдакони ҳамсинну соли худ аз лиҳози қад хурдтар ҳастанд ва мумкин аст дар формулае, ки истифода мебаред, қадашон аз 1 см то 2 см фарқ кунад. Ташхиси ин гуна бачаҳо бо як нигоҳ ба сурати падару модари онҳо дар замони кӯдакӣ равшан мешавад. Ин навъ рушди таърихӣ ҳамеша генетикӣ буда, падар ё модар дар кӯдакӣ хурдтар аз ҳамсолон буда, аммо пас аз болиғат қади онҳо ба қади дигар одамҳои ҷомеа наздик мешавад.  

Ташхиси қадпастӣ

Барои ташхиси дақиқи иллати кӯтоҳии қад, муоина, шарҳи ҳоли ҳамаҷониба, радиографии панҷаи дасти чап барои муайян кардани синни устухонӣ ва чанд озмоиши ҳормонии содда (TsH, GH ва IGF-1) кифоя аст. Озмоишҳои тазриқи озодшавии ҳормони рушд агар бо L-DOPA анҷом дода шаванд, беҳтар аст, ки анҷом нашавад. Озмоишҳои дақиқтар, мисли истифода аз GHRH ва аржичинини дохили раг дар Тоҷикистон мавҷуд нестанд. Бинобар ин, тамоми саъйи мо бояд бар ташхиси саҳеҳ аз рӯи муоина ва ҳамин чанд намуд озмоиш бошад.

Эҳтиёт!!!

Охирин ва муҳимтарин нукта он аст, ки истифодабарӣ аз ҳормони рушд дар кӯдаке, ки озмоишоташ камбуди ҳормони рушдро нишон надиҳад, натанҳо ҳеҷ фоидае надорад, балки бисёр вақт хатарнок ҳам мебошад.

Қабл аз истифода аз доруҳои ҳормони рушди гаронқиммат, муддати 6 моҳ сабр кунед ва қади фарзанди худро дар тӯли 6 моҳи комил андозагирӣ намоед. Агар миқдори рушди фарзанди шумо дар тӯли 6 моҳ беш аз 2,5 см бошад, ба шуруъи дармон бо ҳормони рушд саросема нашавед. Агар як сол сабр кардед ва суръати рушди солонаи кӯдаки худро андоза гирифтед ва дидеду мулоҳиза кардед, ки ӯ дар як соли комил беш аз 5 см рушд кардааст, бидонед, тазриқи ҳормони рушд фоидаи зиёде нахоҳад дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *