Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Раҳматнома ва пул

Корманди тамаъкоре ба назди сардор даромада, гуфт:

– Хӯҷаин, имшаб хоб дидам, ки шумо ба ман раҳматнома ва мукофоти пулӣ додаед.

Сардор гуфт:

– Раҳматномаро нигаҳ дору пулро ба муассиса баргардон, ки алҳол мо ба он сахт эҳтиёҷ дорем.

Ранг

– Мардак, бас кун бурутҳоятро ранг карданро!

– Чӣ, магар маълум аст?

– Дар ту не, аммо гардани сафеди котибаат дирӯз сиёҳ буд.

“Туҳмат”

Сардор як нафар корманди муассисаро назди худ даъват карда, гуфт, ки аз болои ӯ ариза омада ва дар ариза гуфта шудааст, ки ӯ чанд зан дорад.

– Ин туҳматро кӣ навиштааст?,- гуфта ғавғо бардошт корманди муассиса.

– Занатон,- ҷавоб дод сардор.

– Кадомаш?,- пурсид ӯ беихтиёр.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *