Аз таҳти дил бихандед!
Табобат
Бемор ба табиб мегӯяд:
— Духтур, ман дигар маблағи табобатро пардохт карда наметавонам. Пулҳоям тамом шуданд.
Табиб дар ҷавоб:
— Шодам, ки шумо сиҳат шудед!
Одат
Марде дӯсташро дида, мегӯяд:
— Шунидам, ки дуюмбора оиладор шудаӣ?
Дӯсташ дар ҷавоб:
— Бале, Шаҳлоро гирифтам.
Мард ҳайрон шуда:
— Ҳамон Шаҳлои хоҳари занатро?
Дӯсташ мегӯяд:
— Бале, ман ба ҳамин хушдоманам сахт одат кардаам.
Озодӣ
Судя аз маҳбусе, ки аз маҳбас гурехтанӣ шудааст, суол мекунад:
— Чаро шумо кӯшиши аз маҳбас гурехтанро кардед?
Маҳбус мегӯяд:
— Ман олидор шудан мехостам.
Судя мегӯяд:
— Ҳаа, озодиро ҳар кас ба таври худаш мефаҳмидааст…
Сафари корӣ
Марде ба дӯсташ мегӯяд:
— Тасаввур мекунӣ, дирӯз занамро бо як мардак дидам.
Дӯсташ ҳайрон шуда:
— Чаро ба наздашон нарафтӣ?
Мард мегӯяд:
— Чӣ хел мерафтам? Охир, ман дар сафари корӣ қарор дорам-ку!
Маънии ҳаёт
Марде аз дӯсташ мепурсад:
— Медонӣ Фарҳод, ман ҳамеша маънии ҳаёти худро меҷӯяму ҳеҷ ёфта наметавонам…
Дӯсташ мегӯяд:
— Дар яхдон набошад?
Мард мегӯяд:
— Маълум мешавад, ки дирӯз мо онро нӯшида тамом кардаем…!
Гуноҳи писар
Падар писари донишҷӯяшро насиҳат мекунад:
— Ба ҷои он ки ҳушу хаёлатро ба хондан гирӣ, ту аблаҳ духтарбозӣ мекунӣ!
Писар гапи падарро бурида:
— Медонед, дада…
Падар ба ғазаб омада:
— Даматро гир! Ин ҷо кӣ падар аст? Ту ё ман?
Писар дар ҷавоб гунаҳкорона:
— Ҳардуямон дада, ҳардуямон…
5 дақиқаи хушбахтӣ
Ду марди нафақагир дар боғ нишастаанд, ки аз наздашон ҷавондухтаре мегузарад. Яке аз мардон бо ҳавас:
— Кош аз нав ҷавон мешудам!
Марди дигар:
— Ту ақлатро хӯрдаӣ магар? Барои 5 дақиқаи хушбахтӣ боз 40 соли дигар кори давлат кунем?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ