Барои солимии дил чӣ бояд кард? Посухи доктор Малика Юсупова

Мусоҳиба бо кардиологи Бемористони Ибни Сино доктор Малика Юсупова

— Стенокардӣ чӣ гуна беморӣ аст?

— Стенокардӣ яке аз бемориҳои ишемии дил ба ҳисоб меравад. Ба сабаби танг ё баста шудани яке аз шараёнҳои дил, ки шараёнҳои коронарӣ ҳам мегӯянд, як қисми мушаки дил аз таъмини хун норасоӣ мекашад ва дар ин ҳолат дардҳои стенокардӣ пайдо мешаванд.

— Ин беморӣ чӣ тавр пайдо мешавад?

— Ҷолиб ин аст, ки дил илова ба он ки ҳамаи узвҳои бадани моро бо хун таъмин мекунад, худ низ ниёз ба хунрасонии кофӣ дорад ва нақши расонандаи хунро ҳамон шараёнҳои коронарӣ иҷро мекунанд. Агар бо сабабе ин шараёнҳо танг ва ё пурра баста шаванд, таъмини хун дар ин ё он қисмати мушаки дил кам мешавад, ки сабаби вокуниши оранизми инсон мегардад ва он аксаран бо ҳамон дардҳои стенокардӣ зоҳир меёбад. Сабаби асосии тангшавии шараёнҳо аз меъёр зиёд будани чарби хун мебошад. Яъне, дар пардаи дарунии шараён равғанҳо часпида, пилокҳои чарбӣ ташаккул меёбанд. Дар натиҷа ин пилокҳо боиси танг ё пурра баста шудани шараён мегарданд. Яке аз сабабщои дигари танг ё баста шудани шараён ташаккулёбии тромб аст, ки он дар натиҷаи ихтилоли лахтшавии хун пеш меояд.

— Сабабҳои пайдоиш ва омилҳои гирифтор шудан ба ин беморӣ дар чист?

— Сабабҳои пайдоиши стенокардӣ ва ҳамзамон бемории ишемии дил, дар умум, омилҳои зер мебошанд: афзоиши сатҳи чарби хун; алоими фишорбаландии шараёнӣ; ирсият, ҷинсият ва синну сол; ҷой доштани одатҳои бад, тарзи ҳаёти камҳаракат.

— Роҳҳои пешгирии ин беморӣ чӣ гуна аст?

— Барои пешгирии ин беморӣ рафъи омилҳои хатар, ки гуфта гузаштем, муҳим аст. Масалан, агар афзоиши сатҳи чарби хун муайян шуда бошад, лозим аст, ки он ба меъёр расонида шавад ва ин амал зери назорати пизишк бояд сурат гирад.

Сатҳи фишори хун бояд бо тавсия ва назорати мутахассис танзим карда шавад.

Одатҳои бад бояд барканор шаванд, тарзи ҳаёти солим, ки варзиш яке аз шартҳои асосии он ба ҳисоб меравад, ба роҳ монда шаванд.

Албатта, мо ба синну сол, ҷинсият ва ирсият таъсир расонида наметавонем, вале агар омилҳои дигарро бартараф кунем, эҳтимоли ташаккулёбии бемории ишемии дил ба таври назаррас коҳиш меёбад.

— Табобати ин беморӣ чӣ гуна аст?

— Табобатро танҳо мутахассис ва он ҳам пас аз муоинаи комил метавонад таъин намояд. Дар умум табобати стенокардӣ ду роҳ дорад: 1) табобати доруӣ; 2) табобат бо усули ҷарроҳӣ, ки он ҳам дар навбати худ ду навъ мешавад: амали камзахм, ки бо стентгузорӣ анҷом меёбад; амали ҷарроҳии кушод.

Маълум аст, ки табобати маводӣ бо таъини доруҳои хос анҷом меёбад. Агар ҷарроҳӣ бо усули камзахм анҷом ёбад, тангии шараён бо гузоштани стент ё истифода аз баллон бартараф мегардад. Дар сурати интихоби ҷарроҳӣ дар дили боз, амали калонҳаҷм гузаронида шуда, барои то ҳадди имкон барқарор кардани гардиши хуни коронарӣ шунтҳои иловагӣ гузошта мешаванд. Яъне барои ба ҳаҷми кифоя расонидани хун ба мушакҳои дил роҳҳои иловагӣ сохта мешавад. Барои ин рагҳои хунгарди шахси беморро истифода мебаранд.

Стентгузорӣ чист?

— Стентгузорӣ, чунонки гуфтем, яке аз роҳҳои табобати стенокардия мебошад. Тангие, ки боиси норасоии таъмини мушаки дил аз хун ва зимнан пайдоиши дардҳои стенокардиявӣ гардидааст, бо гузоштани стент бартараф мешавад. Маъмулан агар як ё ду шараёни коронарӣ тангӣ дошта бошанд, бо гузоштани стент мушкилии шахси бемор барканор мешавад. Дар сурати иллатёбии се ва бештари шараёни коронарӣ, маъмулан амали ҷарроҳии кушод тавсия мегардад.

— Ғизои ин гуна беморон чӣ аст?

— Ғизои шахси бемор бояд аз кабудӣ, сабзавот ва меваҳо ғанӣ бошад, истеъмоли равғани ҳайвонот маҳдуд карда шавад. Масрафи намаки ошӣ, ки ба болоравии сатҳи фишори хун ва заиф шудани мушаки дил мусоидат мекунад, танзим шавад.

Тавсияи шумо ҳамчун пизишк ба беморони стенокардӣ.

— Тавсия ба беморони стенокардӣ, ҳамзамон ба ҳама беморони гирифтори ишемии дилро дар боло гуфта гузаштем. Ҳаминро илова карданиям, ки табобати ин гуна беморӣ чун ҳама бемориҳои системаи дилу гурда бояд бо тавсияи кардиолог ва назорати доимии ӯ сурат гирад. Худдармонӣ, истифода аз маслиҳати корафтодагон ва ё матолиби интернетӣ падидаҳое ҳастанд, ки бояд решакан гарданд.

Мусоҳиб:

Шервони УМРИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *