Аз таҳти дил бихандед!
Гелос
Ба марде ҳукми қатл медиҳанд ва қабл аз иҷрои ҳукм мегӯянд:
— Охирин хоҳиши худро гап занед.
Мард мегӯяд:
— Гелос мехоҳам.
Корманди суд мегӯяд:
— Охир, алҳол моҳи январ аст.
Мард мегӯяд:
— Ман интизор мешавам.
Таваккал
Муаллим ба донишҷӯе, ки ба ягон савол ҷавоб дода наметавонад, мегӯяд:
— Гӯш кун, се маротиба аст, ки туро аз санҷиш мегардонам. Барои чӣ намеомӯзӣ? Аз савод омӯхтан то ҳол касе намурдааст!
— Ман медонам муаллим, аммо таваккал кардан чӣ лозим?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ