латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ҷасорат

Марде ба дӯсташ лоф мезанад:

— Медонӣ Камолиддин, ман вақте маст мешавам, аз касе наметарсам!

Камолиддин мепурсад:

— Магар аз Ҳанифаат низ наметарсӣ?

Мард мегӯяд:

— Не, ман то ин дараҷа ҳеҷ гоҳ маст нашудаам…

Фоҷиа

Мактаббача, ки китоби «Ревизор»-и Гоголро бо шавқ мехонд, ногоҳ аз падари сармуҳосибаш мепурсад:

— Дадаҷон, ман нафаҳмидам, ҳамин «Ревизор» мазҳака аст ё фоҷиа?

— Писарам, агар ревизор одами худӣ бошад, мазҳака, агар бегона бошад, яқин фоҷиа аст.

Лифт

Нисфи шаб 3 марди маст дар роҳи оҳан мерафтанд. Яке аз онҳо мегӯяд:

— Ин зинапоя хеле баланд будааст-ку.

— Барои баромадан дастқапак ҳам надоштааст,- мегӯяд дигаре.

— Ҳеҷ гап не, ана лифт омада истодааст,- мегӯяд сеюмин.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *