толеънома

Толеъномаи 13-уми ноябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ошиқатон сафаре дораду шуморо хабардор накарда меравад, ки қаҳру ғазабатонро бедор мекунад. Ҳар як мушкилӣ роҳи ҳал дорад. Даромади пулӣ табъатонро баланд мебардорад. Бештари вақти худро бо аҳли оилаатон гузаронед, мушкилиҳои оилавиро якҷоя ҳал кунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Имрӯз сахт серкор мешавед, вале кӯшед фақат корҳоеро анҷом диҳед, ки аз уҳдаашон мебароед. Қисми дуюми рӯз мушкилоте пеш меоянд, ки бидуни маблағ ҳал карданашон амри маҳол аст. Охири рӯз нақшаҳоятон яку якбора тағйир меёбанд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Давоми рӯз дар оилаатон нофаҳмие пеш меояд. Каме фикр кунеду решаи нофаҳмиро ҷӯё шавед ва барои аз ин ҳолат баромадан аз маслиҳати калонсолон истифода баред. Даромади пулӣ ин рӯз дар назар нест. Ба саломатии пайвандон диққати бештар зоҳир намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои саратонҳо рӯзи начандон бобарор ба ҳисоб меравад. Агар имкон дошта бошед, барои дамгирӣ берун аз шаҳр равед. Қисми дуюми рӯз сарчашмаи нави даромад пайдо мекунеду мушкилатонро осон менамояд. Охири рӯз вохӯрии тақдирсозе дар назар аст. Агар шиносоиро боз ҳам наздиктар ба роҳ монед, пӯшидани пероҳани арӯсӣ аз эҳтимол дур нест.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз лаҳзае барои рафтору гуфтори хеш фикр кунеду худро тарбия кунед, вагарна дӯстони наздикатон аз шумо рӯй мегардонанд.

Шахси ношиносе изҳори муҳаббат мекунаду шуморо дар ҳайрат мегузорад. Агар ӯ заррае ҳам ба шумо маъқул бошад, дар аввал дӯст шуданро тавсия медиҳем. Шояд баъдан ин дӯстӣ дар дилатон оташи ишқро бедор месозад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Аз аввали рӯз худро ноҳинҷор ҳис мекунеду мадори коре карданро надоред. Озурда нашавед, гоҳ-гоҳ чунин ҳолат ҳар яки моро нороҳат месозад. Барои шахси наздиктаринатон кумаки шумо лозим мешавад. Дӯст он аст, ки гирад дасти дӯст, дар парешонҳолию дар мондагӣ.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Давоми рӯз каме сабур бошед, бурду бохтро бо оромӣ таҳаммул кунед. Нимаи дуюми рӯз ошиқатон бо дурӯғи навбатияш ба даст меафтаду аз пушаймонӣ сухан мекушояд. Вале барои ӯро ҷазо додан каме худро аз ӯ дур кунеду ба зангҳою паёмакҳояш ҷавоб надиҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи нав бо шунидани хабари хуш оғоз мешавад. Нимаи дуюми рӯз барои табобати дӯстатон маблағи калон лозим мешавад. Кӯшед каме ҳам бошад, дасти ёрии хешро дароз кунед. Охири рӯз сафаре дар пеш аст. Кӯшед барои сафар тамоми лавозимотро бо худ бигиреду зимни муошират ором бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи нав барор ҳамсафари асосии шумо хоҳад шуд. Қисми дуюми рӯз дугонаи наздикатон шуморо бо ошиқатон ҷанг меандозад. Барои душманонро хурсанд накардан коре карда, бо ҳам оштӣ шаведу риштаи муҳаббатро мустаҳкамтар кунед. Охири рӯз орзуи деринаатон амалӣ хоҳад шуд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Каме серҳаракат шаведу мушкилиҳои пешомадаро бартараф кунед. Байни шумову ошиқатон каме ҷанҷол бармехезад, коре карда, ба решаи меҳру муҳаббат бо дасти хеш теша назанед, вагарна пушаймонӣ суд надорад. Қисми дуюми рӯз хабари хурсандиоваре ба гӯшатон мерасаду зиндагиятонро рангинтар месозад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи нав каме ба ҳолати руҳиятон дурии ҷигарбандатон зарбаи сахте хоҳад расонд. Қисми дуюми рӯзро барои худ бубахшед, ба мағозаҳо рафта, либосатонро нав кунед. Охири рӯз омадани меҳмонҳои олимақом дар назар аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ин рӯз ситораҳо оромиро тавсия медиҳанд, зеро мушкилиҳое, ки шумо рӯ ба рӯ мешавед, зарбаи сахтеро бар руҳи шумо мезананд, худро ба даст бигиреду ба дӯстонатон такя кунед. Қисми дуюми рӯз бо пайдо шудани хостгорҳои нав зиндагиятон якбора дигаргун мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.