Аз таҳти дил бихандед!
Пурсиш
Духтаре аз дугонааш мепурсад:
— Гуландом, тасаввур намо, ки ду мард дар об ғарқ мешаванд. Якеашро ту дӯст медориву дигараш туро дӯст медорад. Кадомашро наҷот медиҳӣ?
Гуландом дар ҷавоб:
— Чӣ, онҳо девонаанд, ки якҷоя даруни об даромадаанд?
Пул
Марде аз рафиқаш мепурсад:
— Гӯш кун, Акрам, агар ту дар дастат 500 доллар дошта бошӣ, маъшуқаи пешинаат аз ту 200 доллар пурсаду маъшуқаи ҳозираат 300 доллар, дар дастат чӣ қадар пул мемонад?
Акрам дар ҷавоб:
— Дар дастам 500 доллар мемонаду ду занги беҷавоб дар телефонам.
Истироҳат
Марде ба ширкати сайёҳӣ занг зада, мегӯяд:
— Ман дам гирифтан мехоҳам…
Аз ширкат мепурсанд:
— Чӣ қадар пул доред?
Мард мегӯяд:
— 500 сомонӣ.
Аз ширкат посух медиҳанд:
— Дам гиред!
Сақич
Дар мағоза фурӯшанда ба харидор мегӯяд:
— Бахшиш ако, мо танга надорем. Ба ҷои бақия панҷ сақичи “Маша” гиред.
Мард дар ҷавоб:
— Чӣ, ман ба шумо кӯдакам? Сақичи “Терминатор” диҳед…
Мурда
Зан аз шавҳараш мепурсад:
— Мардак, агар ман мурам, ту зани дигар мегирӣ?
Мард дар ҷавоб:
— Не, занаки беақл, бо мурдаи ту зиндагӣ мекунам!
Таҳпӯш
Марде ба хонаи дӯсташ омада, ба ӯ дурудароз нигоҳ карда, мепурсад:
— Чаро ту дар хона бо як таҳпуш мегардӣ?
Дӯсташ дар ҷавоб:
— Барои он ки бо дуто гарм мешавам.
Қаҳр
Дар курсии қатори театр дасти ҷавоне ба пойи духтар мерасад. Духтар гӯё қаҳраш карда бошад, мегӯяд:
— То ҳазор ҳисоб мекунам, дастатро гирифта бошӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ