Гавҳар Ҷӯраева: 20 соли хидмати содиқона ба муҳоҷирони тоҷик

Давоми ду даҳсолаи охир зимни омӯзиши зиндагӣ ва кору бори муҳоҷирон бо зани ғамхори тоҷикони муҳоҷир Гавҳар Ҷӯраева — фаъоли иҷтимоӣ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии ҳамгироии «Муҳоҷират ва қонун» (Интеграционный Центр «Миграция и закон»)-и шаҳри Москва борҳо дидору суҳбат доштам.

Ҳангоми суҳбат бо ин зани хоксору меҳрубон, ки бори аввал ба зимистони соли 2003 иттифоқ афтода буд, апаи Гавҳар нақл кард, ки соли 1993 ҳангоми бесарусомониҳо бо аҳли оилааш ба пойтахти Русия омада буд. Дар ин шаҳри бузург сарсониву саргардонӣ ва беҳуқуқии мардуми овораи тоҷикро дида, барои ҳимояи шараф ва номуси ҳамватанонаш камари ҳиммат баст ва соли 1996 ташкилоти «Фонди Тоҷикистон»-ро  таъсис дод, ки он расман соли 1998 ба қайд гирифта шуд. Ин Фонд дар навбати аввал ба муҳоҷирони дар ҳолатҳои вазнин гирифторшуда кeмакҳои пулӣ ва маслиҳатҳои ҳуқуқиро ба роҳ мемонд. Ӯ ҳатто ба Женева сафар карда, дар сатҳи байналмилалӣ оид ба ҳимояи қонунии муҳоҷирони тоҷик дар Русия садо баланд менамояд.

Солҳои 2000-умро ба ёд меорад Гавҳар Ҷӯраева ва дафтари сабти ҳодисаҳои ба дасти «Скинхед» (тоссар)-ҳо афтидану маҷруҳ шудан ва ба ҳалокат расидани муҳоҷирони тоҷикро бо расмҳояшон ба банда нишон медиҳад. Он солҳо дар Москваю Санкт-Петербург ва дигар шаҳрҳои Русия таҷамӯи зиёди ба ном фашистон ба назар мерасид, ки ба қавле «сиёҳ»-ҳоро мавриди шикори бераҳмонаи хеш қарор медоданд. Баъдан, бо дастгирии саривақтии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин он гуруҳҳои ҷиноятпеша дар ҳама шаҳрҳо дастгир ва ба зиндонҳо партофта шуданд.

Соли 2012 зарурат пеш омад, ки Гавҳар Ҷӯраева Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии ҳамгироии  «Муҳоҷират ва қонун»-ро таъсис дод, ки дар доираи фаъолияти он муҳоҷирони тоҷик, ӯзбек, қирғиз ва баъдан ҷумҳурии Молдавия низ ба кумаки ҳуқуқии ройгон фаро гирифта шуданд.

Дар ин ташкилот ҳуқуқшиносҳо аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Молдавия ба кор ҷалб карда шуда, бештар тариқи телефон ба корафтодагони ин ҷумҳуриҳо ёрии ҳуқуқӣ мерасониданд. То соли 2012 дар Москва чунин ташкилоти ҳуқуқии ёрирасон вуҷуд надошт.

Хидматҳои арзандаи пуштибони муҳоҷирон Гавҳар Ҷӯраева ҳам аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи ҳукумати Русия қадрдонӣ шудаанд.

Соли 2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ин зани шуҷоъу далери тоҷикро «Одами сол» эълон карда буд ва бо медали «Барои хизмати шоиста» сарафроз гардонид. Ҳамчунин, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои заҳматҳояш нисбати муҳоҷирони тоҷик ба Гавҳар Ҷӯраева Ифтихорнома дода буд.

Аз тарафи ҳукумати шаҳр ва вилояти Москва ва роҳбарияти муҳоҷирати Русия низ барои хидматҳои арзандааш нисбати ба танзим даровардани муҳоҷирони кории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ҷумҳурии Молдавия бо чандин раҳматномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Соли 2015 бошад, барои хидматҳои беназираш, ин зани сиёсатмадори тоҷик барандаи мукофоти байналхалқии гуруҳи Хелсинки дар Москва гардид.

Мо борҳо мусоҳибаҳои ӯро бо журналистони рус дар шабакаҳои телевизионии Русия тамошо кардаем. Як баҳси телевизионии ин ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик бо роҳбари Ҳизби либералии Русия Владимир Жириновский ҳамаро ба ҳайрат гузошта буд. Ӯ бо забони бурро ва далелҳои қатъӣ тавонист забони ин сиёсатмадори ҳарзагӯйро бубандад.

Гавҳар Ҷӯраева духтари бовафои олими барҷаста, собиқ ректори Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои РСС Тоҷикистон шодравон Қандил Ҷӯраев ҳастанд.

Дар як суҳбати телефоние, ки чанде қабл доштем, Гавҳар Ҷӯраева бо садои хаста изҳор доштанд, ки як сол зиёдтар аст, ки дар бистари беморӣ ҳастанд. Банда ба ин зани муборизу ғамхори муҳоҷирони тоҷик ва дигар миллатҳои дунё шифои оҷилу комил орзу дорам.

Талабшо ХОЛИҚЗОД, муаллифи китоби «Тоҷикон дар Русия»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *