Аз таҳти дил бихандед!
Дашноми арабӣ
Марде дар Арабистон пулҳои мардеро медуздад. Марди араб дуздро қапида, бо забони худаш дашномҳои болохонадор медиҳад.
Мард худ ба худ мегӯяд:
– Ман пулҳои ин мардро дуздидам, ӯ бошад, ба ман сура қироат мекунад.
Ҷанҷоли автобус бо троллейбус
Автобус троллейбусро таъна мезанад:
– Мурда-мурда, рӯз то бегоҳ барои чор тин худатро ба сим кашол карда, азоб медиҳӣ.
Троллейбус дар қаҳр шуда, ҷавоб медиҳад:
– Ман ту барин нестам, ки барои як тин зӯр зада, аз дилу ҷигарам дуд барорам.
Дӯзах
Марде ба дӯсташ ҳасрат мекунад:
– Бо шарофати занам ман тақводор шудам.
Дӯсташ ҳайрон шуда, мепурсад:
– Чӣ тавр?
Мард дар ҷавоб:
– То рӯзи тӯямон ман ба вуҷуд доштани дӯзах боварӣ надоштам.
Моҷаро
Дар байни кӯча ду нафар бо ҳам муноқиша мекунанд. Марди якум мегӯяд:
– Гӯсфанд!
Марди дуюм дар ҷавоб:
– Худат гӯсфанд!
Роҳгузаре ҷанҷоли онҳоро шунида, мегӯяд:
– Модоме, ки ҳардуятон хешу табор бошед, барои чӣ моҷаро мекунед?
Дарёи дарозтарин
Муаллима савол медиҳад:
– Султон, гуфта метавонӣ, ки кадом дарё дарозтар аст: Волга ё Миссисипи?
Султон дар ҷавоб:
– Миссисипи.
Муаллима боз мепурсад:
– Гуфта метавонӣ, ки чӣ қадар дарозтар аст?
Султон мегӯяд:
– Хайр… Миссисипи 4 ҳарф зиёдтар аст, муаллима.
Барқ
Омӯзгор аз талаба мепурсад:
– Канӣ гап зан, қувваи барқ аз куҷо ҳосил мешавад?
Талаба дар ҷавоб:
– Аз ҷангал.
Омӯзгор ҳайрон шуда, мепурсад:
– Чӣ хел аз ҷангал?
Талаба мегӯяд:
– Ҳамин саҳарӣ падарам риш гирифта истода буд, ки қувваи барқро хомӯш карданд. Падарам инро дида, гуфт: “Ин маймунҳо боз барқро хомӯш карданд-ку!”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ