Азим ИБРОҲИМ, вазири нақлиёти Тоҷикистон
Зиндагинома. Азим Иброҳим 1-уми марти соли 1962 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишкадаи политехникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер бо дипломи аъло хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ, академики Академияи байналмилалии ашёи минералӣ дар шаҳри Маскав.
Фаъолияти меҳнатӣ. Фаъолияти кориашро соли 1984 ба сифати таҷрибаомӯз-тадқиқотчӣ оғоз намуда, солҳои 1985-1988 аспирант, сипас то соли 1992 ҳамчун ассистенти кафедраи геодезия ва маркшейдерии Донишкадаи политехникии Тошканд фаъолият намудааст.
Солҳои 1992-1994 дар вазифаи муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва тасвири муҳандисӣ, декани факултаи саноати сабуки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 1994-1995 дар мансаби муовини аввали раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 1995-2002 дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас муовини вазири саноати Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2004-2005 раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд.
Аз соли 2005 дар вазифаи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо фармони Президенти Тоҷикистон аз 23-юми ноябри соли 2013 то 30-юми августи соли 2020 муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин гардидааст.
31-уми августи соли 2020 бо фармони Президент ба мансаби вазири нақлиёти Тоҷикистон гузаштааст.
Унвони илмӣ. Номзади илмҳои техникӣ. Академики Академияи байналмилалии ашёи минералӣ дар шаҳри Маскав.
Қадрдонӣ. Барои фаъолияти кориаш бо ордени «Шараф» дараҷаи II ва унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ