Ба даст додам, ба по медавам

Ман нафақагир барои хизматҳои махсус дар назди ҶТ ҳастам ва синнам ба 80 расидааст.

Соли 2008 ҳавличаи дар ноҳияи Колхозобод доштаамро фурӯхта маблағи он (40) чил ҳазор доллари амрикоиро ба бонки “Тоҷиксодиротбонк” гузоштам. Солҳои баъдӣ як қисми маблағро гирифтам, вале маблағи боқимонда, ки (14) чордаҳ ҳазор доллари амрикоӣ аст, гирифта наметавонам.

Ман ин маблағҳоро барои рӯзи мабодо ба бонк бовар намуда пасандоз кардам, вале мақоли халқии “ба даст теву ба по дав” инъикоскунандаи вазъияти ман шуд.

Ман бо собиқаи кории 50 сола, 510 сомонӣ нафақа мегирам, яъне 50 доллар, ки ба ҳар соли кориам 1 доллар рост меояд. Ин маблағ барои доруҳоям кифоя нест.

Ҳоло “Тоҷиксодиротбонк” муфлис шуда, барҳам хӯрд ва ваколатҳои он ба бонки дигар гузашт, вале ҳанӯз ҳам тақдири маблағҳои мо номуайян аст. 

Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки барои рӯёндани маблағҳои ман мусоидат намоянд.

Саидов Раҳмон, собиқадори меҳнат,  сокини ш. Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *