Ба Гранд Слами Абу-Заби-2024 киҳо мераванд?

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатии “World Judo Tour” — Гранд Слами Абу-Заби-2024 дар ҳайати 6 нафар ширкат мекунанд. Дар ин бора Федератсияи ҷаҳонии ҷудо хабар додааст.

Мусобиқаи мазкур аз 11 то 13-уми октябр бо иштироки 236 ҷудокор (163 мард, 73 бону) аз 33 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз 6 ҷудокор миёни мардҳо намояндаги мекунанд. Дар мусобиқаи Гранд Слами Абу-Заби ҷудокорони тоҷик Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрўз Хоҷазода (-73 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) иштирок хоҳанд кард.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи Гранд Слами Абу-Заби 154 ҳазор евро аст. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷи 1500 евро ҷоизапули мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *