Ба Президенти Тоҷикистон ордени «Алтин Қирон» супорида шуд (видео)

Имрӯз дар шаҳри Остона дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Акорда маросими бо ордени Ҷумҳурии Қазоқистон «Алтин Қирон» сарафроз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари давлатӣ дар пойтахти ин кишвари дӯст қарор дорад, баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки дар оғози маросим фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар хусуси мукофотонидани Сарвари давлати мо бо ин нишони олии Қазоқистон ироа гардид.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои шоёни Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯзҳо дар чорчӯби шарикии стратегӣ муваффақона рушд меёбанд, таъкид кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз ин иқдоми олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос намуда, онро қабл аз ҳама ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донистааст.

Пешвои миллат дар идомаи суханронии хеш изҳори итминон намудааст, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои байнидавлатии ду давлат дар заминаи манфиатҳои умумии мардумони ба ҳам бародари мо минбаъд низ дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимод ва дастгирии мутақобила тавсеа хоҳанд ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *