Мушкили норасоии об дар Панҷакент бартараф шуд

Бо мақсади бартарафсозии мушкили норасоии оби полезӣ дар шаҳри Панҷакент бо дастури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар натиҷаи баррасии гурӯҳи корӣ муайян гардидааст, ки бинобар паст будани сатҳи об дар манбаъҳои худҷории дарёҳои Киштӯд ва Моғиён дар каналҳои обрасонии Марғедар, Халифа​ Ҳасан, Тӯхсан-корез ва Эшон оби полезӣ кам гардида, норасоии об ба миён омадааст.

— Бо дастгирии роҳбарияти вилоят пойгоҳи обкашии «Нилуфар-1» ва дастгоҳҳои дигар пойгоҳҳои обкашӣ фаъол гардида, заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла киштзорони ҷамоати деҳоти Саразм бо​ оби полезӣ таъмин гардиданд. Кишоварзон аз ҳалли мушкили норасоии об хушнудӣ намуда, миннатдории худро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баён доштанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *