Имзои 40 санад бо ҷалби $2,6 млрд миёни Тоҷикистону Қазоқистон

Дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар шаҳри Остона Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон доир гардид.

Дар ин ҷамъомад намояндагон аз ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, тоҷирону соҳибкорони гуногунпешаи ҳарду кишвар, ки теъдоди онҳо беш аз 200 нафар буд, ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ҷонибҳо имкону шароитҳои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, содирот, саноати куҳӣ ва металлургӣ, сохтмони марказҳои логистикӣ ва марказҳои дистрибютори яклухтро пешниҳод намуда, инчунин ба мувофиқа расиданд, ки корхонаҳои истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо сармоягузории ҷониби Қазоқистон ва созишномаҳои дарозмуддат, ки эътимоди воқеии бахши соҳибкорӣ ва ширкатҳои тиҷоратии Қазоқистонро дар сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, ба имзо расониданд.

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар аст.

Дар натиҷаи мулоқоти дуҷониба миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон ҳудуди 40 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бо маблағи беш аз 2,6 миллиард доллар таъсиси корхонаҳои муштарак, ҳамкориҳои саноатӣ ва хизматрасониро дар назар дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *