Таркиш

Аз беэътиноӣ то фоҷеаи таркиш дар НФС

Таркиши ахир дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе боиси нигаронии бештари сокинон шуд. Медонед барои чӣ? Зеро имрӯз дар назди хонаҳои баландошёна ё коргоҳу муассисаҳои таълимӣ кам нестанд нуқтаҳои сӯзишворӣ. Аммо кӣ кафолат медиҳад, ки онҳо аз нигоҳи бехатарӣ то куҷо таъмин ҳастанд? Оё мумкин аст, ки дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ ва мавзеҳои сераҳолӣ нуқтаҳои сӯзишворӣ фаъолият кунанд?  

Сӯхтору таркиши пурдаҳшат

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, зане дар пешайвони хона истода буд, ки баъд аз мавҷи баланди таркиш ба замин меафтад. Ҳарчанд табибон талош карданд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд, аммо аз ҷароҳатҳои бардошта ин зан ба ҳалокат мерасад. Баъдан, маълум шуд, ки  номбурда Салтанат Равшанова ном сокини ноҳияи Темурмалик будааст. Ӯ директори муассисаи таълимии рақами 30-и ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик буда, қурбонии тасодуфии фоҷеа гардид. Салтанат Равшанова 51 сол дошта, ба хотири табобати дил ба Душанбе омадааст. Ба қавли хешовандонаш, вақте сӯхтор сар мезанад, ҳодисаро аз балкони хонаи як хешаш, ки он ҷо меҳмон буд, нигоҳ мекард. Аммо ногаҳон мавҷи таркишу оташ ӯро ба берун ҳаво медиҳад. Ӯ аз ошёнаи сеюми бино афтода, дар ниҳоят ҷароҳати вазнин бардошта, дар роҳ ба шифохона ҷон медиҳад.

Ҳамчунин, дар натиҷаи сӯхтор дар нуқтаи сӯзишвории мазкур чандин иншооти атрофи он аз мавҷи баланди таркиш осеб дида ва чанд мошини калони боркаш сӯхтааст. 

Аз такрори фоҷеа то меъёри сохтмон дар НФС

Шоҳидон мегӯянд, ки таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Соро Ойл», дар кӯчаи Борбад, ки 28-уми апрел, соати тақрибан 15:30 дақиқа рух дод, заминро хеле такон дод. Алангаи оташ баланд буд ва мардумро тарсу ваҳм пахш кард. Сӯхтор дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми аз автомашина гирифтани газ сар задааст. Ҳамон рӯз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар натиҷаи сӯхтор як нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.

Ҳолатҳои таркишу сӯхтор дар нуқтаҳои сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе бори аввал нест. Аз ин бармеояд, ки соҳибони НФС аксари вақт қоидаҳои бехатариро риоя намекунанд ва ҷони дигаронро зери хатар мемонанд. Масалан, чанд сол пеш дар НФС-и воқеъ дар маҳаллаи “Испечак-2”-и ноҳияи Сино сӯхтор ба амал омада буд. Дар натиҷаи таркиши шадид 29 нафар ҷароҳат бардошта буданд. Як корманди нуқтаи сӯзишворӣ ба ҳалокат расид. Он замон Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба соҳиби ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мутобиқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне бинобар вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Маълум, ки нуқтаи сӯзишворӣ дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ ва маркази савдо ҷойгир буд. Аз ин лиҳоз, дар натиҷа ба бештари мардум ва иншоот осеб расид. Аммо суоле ба миён меояд, ки то куҷо меъёри масофа дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ то хонаҳои истиқоматӣ риоя мегардад?

Мувофиқи талаботи меъёрҳои сохтмон ва қоидаҳо (СНиП), барои 2 сутуни тақсимоти сӯзишворӣ бояд майдони 100 метри мураббаъ, 5 сутун — на камтар аз 200 м/мураббаъ 7 сутун — на камтар аз 300 м/мураббаъ, 9 сутун — 350 м/мураббаъ ва 11 сутун — 400 м/мураббаъ ҷудо карда шавад.

Муовофиқи меъёр масофаи ҳадди ақал аз НФС то иншооти гуногун муқаррар шудааст, ки барои 3 навъи НФС — бо захирагоҳи зеризаминӣ ва рӯйизаминии навъи А (ғунҷоиши беш аз 20 м3) ва В (то 30 м3) зикр шудааст. Мувофиқи талаботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо захирагоҳи зеризаминӣ бояд дар масофаи на камтар аз 50 метр то сарҳади бинои истиқоматӣ қарор дошта бошад. Нуқтаи ҳисоб сутунча (колонка)-и тақсимкунандаи сӯзишворӣ ва захирагоҳи зеризаминӣ мебошад. Агар дар назди хона НФС-и хурд сохта шавад, ба кам кардани масофаи сарҳад то 25 метр иҷоза дода мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар қаламрави гирду атрофи маҷмааи фурӯши сӯзишворӣ моликони онҳо уҳдадоранд, ки дарахту бутта шинонида, корҳои сабзгардонӣ анҷом диҳанд.

Аз мақомоте, ки иҷозатнома медиҳанду фаъолияти бехатарии нуқтаҳои фуруши сӯзишвориро назорат мекунанд, пурсиданӣ ҳастем, ки оё ин меъёрҳо риоя мешаванд? Аҷиб ин аст, ки ҳоло дар бештари маврид назди хонаҳо ё мавзеи сераҳолӣ нуқтаҳои сӯзишворӣ месозанд. Хуб мешуд, ки онҳо ба ҷойи дигару бехавф барои аҳоливу иншооти гирду атроф кӯчонида мешуданд. Вагарна, фаъолияти чунин нуқтаҳои сӯзишворӣ оқибати ногувор дошта, ҷони мардум зери хатар мемонад.

Сӯхтори ахир ва назди хонаҳои баландошёна  ҷой гирифтани нуқтаҳои сӯзишворӣ мақомотро водор менамояд, ки сари ин масъала андеша кунанд. Чаро дар Тоҷикистон қоидаҳои бехатарӣ дар НФС риоя намешаванд? Аз ҳама муҳим, чаро мақомоти дахдлдор ба сохтмони НФС дар наздикии биноҳои истиқоматӣ ва кӯдакистонҳо иҷозат медиҳанд?

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *